Бо корвони ишқи ту чун ҳамсафар шудам
Пои ҳавои шикастаму раҳро ба сар шудам
Бар каҳрабои зи ҷазаъи нишондами ақиқи ноб
Чу лаъли зи ишқи ту хунин ҷигар шудам
Додам чу дил ба абрӯ [ ва ] чашми сиёҳи ту
Теғи ҷафоу тири балоро сипар шудам
Бастами назари зи малики ду олам ба масканат
То хоки роҳи мардуми соҳиб назар шудам
Дар лавҳи синаи нақши ғаматро нигоштам
Аз сӯзи ишқу рози муҳаббат хабар шудам
Аз бас ки тири ғам ба дилами ҷо гирифта аст
Сар то қадам чу мурғи ҳамаи бол ва пар шудам
Ин қисматам з хон муҳаббат насиб шуд
Илҳомӣ ар ба риндӣу мастӣ смр шудам