Гуҳӣ бо худованди ху роз ронад

Гуҳӣ низ қуръон ба овоз хонд

Чу шуд савти қуръони он шаҳи баланд

Сӣ ва ду сарафрози пирӯзманд

Злшгргаҳи деви нопоки ҳуш

Бидон савт дилкаш ниҳоданд гӯш

Ту гуфтӣ ки аз арши барзади Нидо

Бидон покзодони ҷҳонбони худо

Ғаривони ҳамаи сӯйро ҳ омаданд

Ба наздики харгоҳ шоҳ омаданд

Абулфазли номовар арҷманд

Ба гӯш омадаш бонги сами саманд

Бирафт ва бидид ва бигуфто : киед ?

Дарини паҳни ҳомӯн барои чаҳед ?

Бигуфтанд : к-эии довари сарфароз

Ба дидор шоҳаст морои ниёз

Ки то дар раҳаш ҷонспорӣ кунем

Худоро дар ин кор ёрӣ кунем

Азонрў каз ин лашгари нобакор

Надидем ҷузи ромиш ва равад кор

Вале аз сипоҳи шаҳи дайн ба гӯш

Наёяд ба ҷузи савти қуръони хурӯш

Аз он мон дуруст омад эй номҷўӣ

Ки ҳақ бо ҳусайнасту ёрони ӯй

Бимонед гуфтои дарин ҷойгоҳ

Ки гӯям паёми шуморо ба шоҳ

Бирафт ва ба шаҳ гуфт ва фармуд шоҳ

Бигӯ то даройанд дар пешгоҳ

Ки боман марои ин фирқа ӣ ҳақи параст

Бибастанд паймон ба рӯзи аласт

Валикини пиёдаи бад-ӣни сӯи ҳама

Хироманд оҳистаи байни ҳамҳама

Кунанд он далерон бо доду барад

Бурун аз тани хеши сози набард

Ки тарсами ҳаримам ҳаросон шаванд

зи хоб андар оянд ва тарсон шаванд

Сипаҳбади паёми шаҳи ростин

Чу гуфто бидон номдорони дайн

Пиёдаи равони сӯй шоҳ омаданд

Ҳама бо лабӣ узрхоҳ омаданд

Пазируфташони шоҳи издоншнос

Бидон корашон хонд лухтии сипос

Ҳамаи бози монданди дарони сипоҳ

Ки то ҷон намуданд қурбони шоҳ