Соқии қадаҳии шароб дар даст
Омад зи шароби хонаи сармаст
Он тавбаи нодурусти мо ро
Ҳамчун сари зулф хеш бишикаст
Аз маҷлисён хурӯш бархест
Кони фитна рӯзгор бинишаст
Моием кунун ва ним ҷонӣ
Ва он низ ниҳода бар кафи даст
Он дил , ки азу хабар надорем
Ҳам дар сар зулф ӯст гар ҳаст
Девона рӯй ӯст доим
Ошуфта мӯӣ ӯст пайваст
Дар сояи зулф ӯ биёсуд
Вази неку бад замона вораст
Чун дид шуъоъ рӯй хубаш
Дар ҳоли зи соя рахт барбаст
Дар сояи мҷуи дили ироқӣ
Кони зарра ба офтоби пайваст