Ба дасти ғами гирифторам , биё эй ёр , дастами гир
Ба ранҷи дили сазоворам , маро магузор , дастами гир
Яке дили доштами пари хӯн , шуд он ҳам аз кафами берун
Чу кор аз даст шуд берун , биё эй ёр , дастами гир
зи васлат то ҷудо мондам ҳамеша дар ъно мондам
Аз он дам каз ту вомондм шудам бемор , дастами гир
Кунун дар ҳол ман бингар : ки оҷизи гаштаму музтар
Маро магузор ва худ магзар , дарин тимори дастами гир
Ба ҷон омад дилам , эй ҷон , зи дасти ҳиҷр бе поён
Надорам тоқати ҳиҷрон , ба ҷон , зинҳор , дастами гир
Ҳамеша гирди кӯии ту ҳамеи гирдам ба буии ту
Надидам ранг рӯй ту , аз онам зор , дастами гир
Чу кардӣ ҳалқа дар гӯшам , макун озод ва мафрушам
Макун ҷонои фаромӯшам , зи ман ёди ор , дастами гир
Шунидӣ оҳу фарёдам , надодӣ аз карам додам
Кунун каз пои дарафтодам , маро бурдор , дастами гир
Наёбам дар ҷаҳони ёрӣ , набинам ғайри ғами хорӣ
Надорам ҳеҷ дилдорӣ , туе дилдор , дастами гир
Ироқӣ , чун нае хуррам , гирифторӣ ба дасти ғам
Фиғон кун бар дараш ҳар дам , ки эй ғмхўор , дастами гир