Чун ту кардӣ ҳадиси ишқи оғоз

Пас чаро қисса шуд дигаргуни боз ?

Ман зи ишқи ту пардаи бдридаҳ

Ту нишаста даруни парда ба ноз

Ту зи ман фориғ ва ман аз ғами ту

Карда ҳар лаҳзаи навҳае оғоз

Ман чу ҳалқа бимонада бар дар ту

Кардае дар ба рӯй бандаи фароз

Омадам бо дилӣ ва сад зорӣ

Бар дар лутфи ту , зи роҳи ниёз

Ман аз он туам , қабулам кун

Аз раҳи лутф икдмм бинавоз

Омадам бар дарат ба умедӣ

Ноумедами з дар магардон боз