Аз ғами ишқати ҷигар хӯнаст боз

Худ бипурс аз дил ки ӯ чунаст боз ?

Ҳар замон аз ғамзаи хўнризи ту

Бар дили ман сад шабихунаст боз

То сари зулфи туро дил ҷой кард

Аз сарои ақл берунаст боз

Ҳоли дил будӣ парешони пеши азин

Неи чунин дарҳам ки акнӯнаст боз

Аз фироқи ту барои дарди дил

Сад балоу ғусса маъҷунаст боз

То ҷигар хӯн кардӣ , эй ҷон , зи интизор

Рӯзии дил , беҷигар хӯнаст боз

Аз барои дили бабор , эй дидаи хӯн

Зон ки ҳол ӯ дигаргунаст боз

Гарчи май коҳади ғами ту ҷону дил

Лек меҳрат ҳар дам афзӯнаст боз

Ман чу шодам аз ғаму тимори ту

Пас ироқӣ аз чаҳ маҳзунаст боз ?