Кори мо , бингар , ки хом афтод боз

Кор бо пайк ва паём афтод боз

Ман чаҳ донам дар миёни дӯстон

Душмани бади гӯ кадом афтод боз ?

Ин ҳаме донам ки гуфту гӯии мо

Дар забони хос ва ом афтод боз

Ошиқи девона номам карда анд

Бар ман охири ин чаҳ ном афтод боз ?

Рӯзи бахти ман чу шаб торик шуд

Субҳи умедам ба шом афтод боз

Тавсани давлат , ки будӣ роми ман

Он ҳам акнӯн бдлгом афтод боз

Бози иқбол аз кафи ман бар парид

Зоғи идборам ба дом афтод боз

Маҷлиси айши дили афрӯзи маро

Ботиаҳ бишикаст ва ҷом афтод боз

Дар гулистон май гузаштами субҳдам

Буии ёрам дар машом афтод боз

Дар сари савдоӣ зулфаш шуд дилам

Мурғи саҳройӣ ба дом афтод боз

То бидидам акс ӯ дар ҷом май

Дар серуми савдоӣ хом афтод боз

То чашидам ҷуръае аз ҷом май

Дар дилами меҳр мудом афтод боз

Ман чу аз савдои хубони сӯхтам

Пас ироқӣ аз чаҳ хом афтод боз ?