Тамошо мекунад ҳар дами дилам дар боғи рухсораш
Ба коми дили ҳамеи нӯшад май лаъли шукри бориш
Дилӣ дорам , мусулмонон , чу зулфи ёри савдое
Ҳама дар банд он бошад ки гардад гирди рухсораш
Чаҳ хуш бошад дили он лаҳза ! ки дар боғи ҷамол ӯ
Гуҳӣ гул чӣанд аз рӯйиш , гуҳии шукри зи гуфтораш
Гуҳӣ дар пой ӯ ғалтон чу зулф беқарор ӯ
Гуҳ аз холи лабаши сармаст ҳамчун чашми хунхораш
Аз он хуштар тамошое тавонад буд дар олам
Ки бинад дидаи ошиқ ба хилват рӯй дилдораш ?
Чунон сармаст шуд ҷонами зи ҷоми ишқи ҷононм
Ки то рӯзи қиёмат ҳам нахоҳӣ ёфт ҳушёраш
Баҳору боғу гулзори ироқӣ рӯй ҷонон аст
зи сад хулди барин хуштар баҳору боғу гулзораш