Дил гум шуд , азу нишон наме ёбам

Он гум шуда дар ҷаҳон наме ёбам

Зон Юсуфи гум шуда ба олам дар

Пайдоу ниҳон нишон наме ёбам

То гавҳари шаби чароғ гум кардам

Раҳ бар дар дӯстон наме ёбам

То булбули хуши навои з боғам рафт

Буии гул ва гулистон наме ёбам

То об ҳаёт рафт аз ҷӯям

Айши хуш ҷовдон наме ёбам

Сайри омадам аз ҳаёти худ , зирок

Бе ӯ зи ҳаёт он наме ёбам

Сармоя бирафт ва суд ме ҷӯям

Зонаст ки ҷуз зиён наме ёбам

Он Юсуфи хешро куҷо ҷӯям

Чун дар ҳама кун факон наме ёбам

Ҳам бар дар дӯст бошад ар бошад

Аз худ биҷузин гумон наме ёбам

Бар хок дараш рӯм бинолам зор

Чора ба ҷуз аз фиғон наме ёбам

Чун ҷонаш азиз дорам , ар ёбам

Дил , каз ғам ӯ амон наме ёбам

То бар ман длшдаҳи бгриди зор

Як мушфиқ меҳрбон наме ёбам

То як нафасӣ маро диҳад ёрӣ

Як ёри дарин замон наме ёбам

Ёрии даҳ хештани дарин мотам

Ҷузи дида хӯн фишон наме ёбам

Бар хон ҷаҳон чаҳ менишинам ман ?

Чун луқмаи ҷуз устихон наме ёбам

Бархезам азин ҷаҳон бе ҳосил

Нақдӣ чу дарин дукон наме ёбам

Хоҳам ки шавам ба боми олам бар

Чаҳ чора ? ки нардбон наме ёбам

Хоҳам ки кашами з чаҳ ироқӣ ро

Афсӯс ки ресмон наме ёбам