Дар малик лоязолӣ дидам ман ончӣ дидам

Аз худ шудам мубарро , вонгаҳ ба худ расидам

Дар хилватӣ ки моро бо дӯст буд онҷо

Гуфтам ба безабонӣ , бегӯш ҳам шунидам

Хуршеди ваҳдат инак аз машриқи вуҷӯдам

Толеъ шудааст , азон ман чун зарраи нопадидам

Борӣ , дарӣ ки ҳаргиз бар кас нашуд кушода

Сари азал маро дод , аз лутфи худ , калидам

Чун маҳви гаштам аз худ ҳамроҳи ман ироқӣ

Бар ошёни ваҳдат бебол ва пар паридам