Бар ман назарӣ кун , ки миннати ошиқи зорам
Дилдору длором ба ғайр аз ту надорам
То хори ғами ишқи ту дар пой дилам шуд
Бе рӯй ту гулҳои чамани хори шуморам
Неи тоқати он то зи ғамати сабр тавон кард
Неи фурсати он то нафасӣ бо ту барорам
То шоми даройад , зи ғамат , зори бгрим
Бошад ки ба гӯш ту расад нолаи зорам
Кам кун ту ҷафо бар дили мискини ироқӣ
Варна , ба худо , даст ба фарёд барорам