Бар дар ёри ман саҳари масту хароб май рӯм
Ҷом тараб кашидаам , зон ба шитоб май рӯм
Соғарӣ аз май лабаши дӯш савол карда ам
Вақти саҳар ба кӯй ӯ баҳри ҷавоб май рӯм
Аз май ноби ҷазаъ ӯ гарчи хароб гашта ам
То диҳад аз киришмаам бози шароб , май рӯм
Бар сар хон дард ӯ дард басӣ кашида ам
То кашам аз ду лаъл ӯ бодаи ноб май рӯм
Ҷазбаи ҳасан дилкашаш мекашадам ба сӯии худ
Аз паии он кашиш дигар , ҳамчуи збоб май рӯм
Бурқаъи тани зи шавқ ӯ пеши Рахши гшодмӣ
Лек зи шарм рӯй ӯ бастаи ниқоб май рӯм
Дар сар бода мекунам ҳастӣ хеш ҳар замон
Хоки раҳам , равостгар бар сари об май рӯм
Шаҳнаи ишқ ҳар шабӣ бар кунадам зи хоби хуш
Дар ҳаваси хаёл ӯ боз ба хоб май рӯм
Шояд агар ҳавоӣ ӯ мекашадам , ки дар раҳаш
Бар сари оби чашми худ ҳамчуи ҳубоб май рӯм
Бихўд агар зи савмиъа бар дар майкадаи рӯм
Гар ту хатои гумони барии роҳи савоб май рӯм
Нест марои зи худ хабар , беш азин ки : дар ҷаҳон
Масту хароби омадам , масту хароб май рӯм