Мо дигарбора тавба бишикастем
Вази ғами ному нанги ворстим
Хирқаи сӯфӣонаи бдридим
Камари ошиқона бар бастем
Дар харобот бо майу маъшӯқ
Нафасӣ ошиқона бинишастем
Аз май лаъл ёр сармастем
Вази ду чашмаш хумор бишикастем
Шояд ар шӯр дар ҷаҳон фиканем
Каз май лаъли ёр сар мастем
Чун бидидем офтоби Рахш
Аз тараб , зарраи вор , бар ҷустем
Чанг дар доман шуъоъ задем
То бидон офтоб пайвастем
Зарра будем , офтоби шудем
Аз ироқӣ чу меҳр бигусастем
Ин ҳама ҳаст , худ наме донем
Кин замон нестем ё ҳастем ?