Мо , кондаҳи ту ниёз дорем

Даст аз ту чигуна боз дорем ?

Шодон ба ғами ту чун набошем ?

Каз сӯзи ғами ту соз дорем

Бо сӯзи ту аз чаҳ рӯ насозем ?

Чун лутфи ту чора соз дорем

Тимори ту гарчи ҷон бакоҳад

Аз ҷонаш , чу ҷон , ниёз дорем

Сар бар қидмат наҳем рӯзӣ

Чун ҳиммат сарфароз дорем

Ҷонбозии мо аҷаб набошад

Чун мо дил ъшқбоз дорем

Гар ҷон баравад , чаҳ боки моро ?

Ҷоно , чу ту длнўоз дорем

Дарёб , каз оташи фироқат

Андешаи ҷон гудоз дорем

Бинмо , ки дар интизори рӯят

Пайвастаи ду чашм боз дорем