Ногуҳ аз майкада фиғон бархест
Нола аз ҷон ошиқон бархест
Шар ва шурӣ фитод дар олам
Ҳоиу ҳўиӣ аз ин ва он бархест
Ҷомӣ аз майкада равон карданд
Дар пеши сад равон , равон бархест
Ҷуръа Эй рехтанд бар сари хок
Шӯру ғавғои зи ҷуръа дон бархест
Ҷуръа бо хок дар ҳадис омад
Гуфту гӯйӣ аз ин миён бархест
Сухани ҷуръа ошиқӣ бишунид
Наъра заду зи сар ҷаҳон бархест
Бахти ман , чун шунид он наъра
Сабк аз хоб , сар гарон бархест
Гашти бедори чашми дил , чу маро
Олам аз пеши ҷисм ва ҷон бархест
Хостам то з хоб бархезам
Бингарам каз чаҳ ин фиғон бархест ?
Буд бар пои ман , ироқӣ , банд
Банд бар пой чун тавон бархест ?