То туоне ҳеҷ дармонам макун

Ҳеҷ гӯнаи чора ҷонам макун

Ранҷи ман май байну фарёдами мирс

Дарди ман май байн ва дармонам макун

Ҷуз ба дашному ҷафо номам мабар

Ҷуз ба дарду ғусса фармонам макун

Гар нахоҳӣ куштанам аз теғи ғам

Мубталои дард ҳиҷронам макун

Вар бар он азмӣ ки резии хӯни ман

Ҷуз ба теғи хеш қурбонам макун

Аз ман мискин ба ҳар ҷурмӣ маранҷ

Пас ба ҳар ҷурмӣ маранҷонам , макун

Гар гуноҳӣ кардам аз ман афв кун

Вар хатое рафт товонам макун

То ироқӣ монад дар дарди фироқ

Дард бо ман гӯй ва дармонам макун