Моҳрўё , рухи зи ман пинҳон макун
Чашми ман аз ҳиҷри худ гирён макун
зи орзӯӣ рӯй худ зорами мадор
Аз фироқи худ маро беҷон макун
Аз ман мискин мабар як борагӣ
Ман надорам тоқати ҳиҷрон , макун
Бе касеро бедил ва бе ҷони мадор
Муфлисиро бесар ва сомон макун
Гар гуноҳӣ кардаам аз ман мадон
Хештанро гӯ , маро товон макун
Ҳар чаҳ он кас дар ҷаҳон бо кас накард
Бо ман бечора ҳар дам он макун
Бо ироқии ғариби хастаи дил
Ҳар чаҳ аз ҷавр ва ҷафо битавон макун