эй дилу ҷони ошиқони шефтаи ҷамоли ту
Ҳушу равон бе дилони сӯхтаи ҷалоли ту
Коми дили шикастагон дидан туаст ҳар замон
Роҳати ҷон хастагон ёфтан висоли ту
Дасти тиҳӣ ба даргаат омадаам умедвор
Рӯй ниҳода бар дарат мунтазир навол ту
Худ ба ду чашми ман шабии хоб гузар наме кунад
Варна ба хоб дидамӣ , бӯ ки шабии висоли ту
Ман ба ғами ту қонеъам , шод ба дарди ту , аз онк
Чира буд ба хӯни ман давлати иттисоли ту
Ту ба ҷамоли шодмон , бехабар аз ғамами дареғ !
Ман шудаи поймоли ғам , аз ғами гӯшмоли ту
Нози зи ҳад бадар мабар , бози нигар ки : дар хур аст
Нози туро ниёзи ман , чашми марои ҷамоли ту
Бскаҳ кашид нози ту , марди ироқӣ , эй дареғ !
Чанд кашад , ту худ бигӯ , хастаи дилии даллоли ту ?