эй дилу ҷони ошиқони шефтаи лақои ту

Серумаи чашми хусравони хок дар сарои ту

Марҳами ҷони хастагони лаъли ҳаёти бахши ту

Доми дили шикастагони турраи дилрабои ту

Дар сари зулфу хол ту рафт дили ҳамаи ҷаҳон

Кист ки нест дар ҷаҳони ошиқу мубталои ту ?

Дасти тиҳӣ ба даргаат омадаам умедвор

Лутф кун ар чаҳ нестам дар хури марҳабои ту

Оинаи дили марои равшанеи даҳ аз назар

Бӯ ки бубинами андар ӯ талъати длгшои ту

Ҷом ҷаҳон намой ман рӯй тараб физой туаст

Гарчи ҳақиқат манаст ҷом ҷаҳон намой ту

Орзӯии ман аз ҷаҳон дидан рӯй туасту бас

Рӯ бинмо , ки сӯхтам аз орзӯии лақои ту

Коми дилами з лаб бидиҳ , ваъдаи бештари мада

Зон ки вафо намекунад умри ману вафои ту

Нест аҷаб агар шавад зиндаи ироқӣ аз лабат

Коб ҳаёт мечакад аз лаб ҷон физой ту