Ҷоно , назарӣ ба мо накардӣ
Бо хештан ошно накардӣ
Икдм ба мурод мо набӯдӣ
Як кор барои мо накардӣ
Як ваъдаи худ басари набардӣ
Як ҳоҷати мо раво накардӣ
Моро ба висол ваъда додӣ
Ва он ваъдаи худ вафо накардӣ
Ҳар лоба , ки бар дар ту кардем
Нишнидӣу гӯш во накардӣ
Дар кӯии ту омадем ва мо ро
Бар хок дарат ту ҷо накардӣ
Пас дар дили ту чигуна ганҷам ?
Чун бар дар худ раҳо накардӣ
Дарди дили хастаи ироқӣ
Дидӣ , ба карам даво накардӣ