Омад ба дарат умедворӣ

Кӯро ба ҷуз аз ту нест ёрӣ

Меҳнат задае , ниёзмандӣ

Хиҷлат задае , гуноҳкорӣ

Аз гуфта худ сиёҳи рӯе

Ваз карда хеши шармсорӣ

Аз ёри ҷудои фитодаи умрӣ

Ваз дӯст бимонада рӯзгорӣ

Бӯда ба дарат чунон азизӣ

Давр аз ту чунин бимонада хорӣ

Хурсанд зи хоки даргаи ту

Бечора ба буи ё ғуборӣ

Шояд з дар ту боз гардад ?

Навмед , чунин умедворӣ

Зебад ки шавад ба коми душман

Аз дӯстии ту дӯстдорӣ ?

Бахшои зи лутф бар ироқӣ

Кӯ монад кунун ва зинҳорӣ