эй дил , биншин чу сўкўорӣ
Кон рафт ки ояд аз ту корӣ
Ваии дидаи бабори ашки хунин
Бекор чаҳ мондае ту , борӣ ?
Ваии ҷон , башитоб бар дар дӯст
Чун нест ҷуз ӯат ҳеҷ ёрӣ
Гӯ : омадаам ба даргаи ту
То дарнигарӣ ба дӯстдорӣ
Гар бипазирам : инат давлат
Вар рад кунӣ , инат хоксорӣ
Навмед чигуна боз гардад
Аз даргаи ту умедворӣ ?
Ёди ори зи ман , ки будам охир
Дар бандагии ту рӯзгорӣ
Чун аз ту ҷудо фикандам айём
Ноком шудам ба ҳар диёрӣ
Бе рӯй ту ҳар гулӣ ки дидам
Дар дида ман халид хорӣ
Бебуи хушат наёядам хуш
Буии хуши ҳеҷ навбаҳорӣ
Бедӯст , киро хуш ояд охир
Буии гулу ранги лолаи зорӣ ?
Ва акнӯн ки зи ҷумлаи ноумедам
Бе рӯй ту нестам қарорӣ
Дарёб , ки мондаам ба раҳ дар
Дар гардани ман фитодаи борӣ
Башитоб , ки бар дарат гадоӣ аст
Моно ки ироқӣаст , оре