То чанд ишқ бозем бар рӯй ҳар нигорӣ ?

Чун мешавем ошиқ бар чеҳраи ту борӣ

Аз гулбуни ҷамолат хорӣаст ҳасани хубон

Мискин касе казон гул қонеъ шавад ба хорӣ !

Хоҳӣ ки ҳамчуи зулфати олам ба ҳам бар ояд ?

Бинмоӣ ошиқонро аз турраи ту торӣ

Он хўшдлӣ куҷо шуд ? ваон даври кӯ ки мо ро

Дидор менамӯдӣ , ҳар рӯзи як ду борӣ ?

Моро зи ҳам ҷудо кард айём варна мо ро

Бо давлати висолати хуш буд рӯзгорӣ

Дар парда чанд бошӣ ? баргир бурқаъ аз рӯй

То рӯй ту бибинад як дами умедворӣ

Дар интизори васлат ҷонам расед бар лаб

Аз васли ту чаҳ ҳосил , моро ҷузи интизорӣ ?

Ҷоми ҷаҳон намоят бинмоӣ , то ироқӣ

Андар рахт бибинад рухсор ҳар нигорӣ