Чаҳ хуш бошад ! ки дилдорам ту бошӣ
Надиму мӯнису ёрам ту бошӣ
Дили пари дардро дармони ту созӣ
Шифои ҷони беморам ту бошӣ
зи шодӣ дар ҳама олам нагунҷам
Агар як лаҳзаи ғами хорам ту бошӣ
Надорам мӯнисӣ дар ғори гетӣ
Биё , то мӯниси ғорам ту бошӣ
Агар чаҳ сахт душвораст корам
Шавад осон , чу дар корам ту бошӣ
Агар ҷумлаи ҷаҳонам хасм гирданд
Натарсам , чун нигаҳдорам ту бошӣ
Ҳамеи нолам чу булбул дар саҳаргоҳ
Ба буии онкии гулзорам ту бошӣ
Чу гӯям васфи ҳасани моҳрӯе
Ғараз зон зулфу рухсорам ту бошӣ
Агар ном ту гӯям вар нагӯям
Муроди ҷумлаи гуфторам ту бошӣ
Аз он дил дар ту бандам , чун ироқӣ
Ки мехоҳам ки дилдорам ту бошӣ