Ҷоно , зи миннати малол то кӣ ?
Мавлои туам , даллол то кӣ ?
Аз ҳасани ту бозмонда то чанд ?
Бар сабри ман эҳтимол то кӣ ?
Бурдор зи рухи ниқоби якбор
Дар пардаи чунон ҷамол то кӣ ?
Аз партави офтоби рӯят
Чун сояи марои завол то кӣ ?
Якбораи зи ман малули гаштӣ
Аз ошиқи худ малол то кӣ ?
Бе васли ту дар ҳавои меҳрат
Чун зарраи марои маҷол то кӣ ?
Хуршеди рхо , ба ман назар кун
Аз зарраи ниҳони ҷамол то кӣ ?
Дар лаъли ту оби зиндагонӣ
Ман ташнаи он зулол то кӣ ?
Васли хуши ту ҳаром то чанд ?
Хӯни дили ман ҳалол то кӣ ?
Фарёди ман аз ту чанд бошад ?
Бедоди ту моҳу сол то кӣ ?
Аз дасти ту поймоли гаштам
Охири зи ту гӯшмол то кӣ ?
эй дӯст , ба коми душманони боз
Коми дили бадсигол то кӣ ?
Дили хӯн шуда , ҷон ба лаби расида
Аз ҳасрати он ҷамол то кӣ ?
Бо дил ба итоб дӯш гуфтам :
Коидл , пай ҳар хаёл то кӣ ?
Андешаи васл ёр бигзор
Саргаштаи паии маҳол то кӣ ?
Дар партави офтоби ҳасанаш
эй зарраи туро маҷол то кӣ ?
Ошуфта рӯй хуб то чанд ?
Девонаи зулфу хол то кӣ ?
Аз меҳри рух ҷаҳон фурӯзаш
эй соя , туро завол то кӣ ?
Аз ҳалқаи зулф ҳар нигорӣ
Бар пои дилати ъқол то кӣ ?
Дар ишқи хаёл ҳар ҷамолӣ
Пайвастаи асири хол то кӣ ?
Бар буии висол умр бигузашт
Охири талаби маҳол то кӣ ?
Дар васли туро чу нест толеъ
Аз дафтари ҳиҷри фол то кӣ ?
Нодидаи Рахш ба хоби икшб
эй хуфтаи дарин хаёл то кӣ ?
Ҳар шаби манаму хаёли ҷонон
Ман донам ва ӯу қол то кӣ ?
Дил гуфт ки : ҳоли ман чаҳ пурсӣ ?
Аз шефтагони сол то кӣ ?
Ман донаму ишқ , чанд гӯйӣ ?
Бо бе хабарони ҷидол то кӣ ?
Дам дар кашу хӯнгарӣ , ироқӣ
Фарёд чаҳ ? қилу қол то кӣ ?