Аз ғами дилдори зорам , марг ба зини зиндагӣ

Вази фироқаши дили фигорам , марг ба зини зиндагӣ

Айш бар ман нохушасту зиндагонии неки талх

Бе лаби ширини ёрам , марг ба зини зиндагӣ

Зиндагӣ бе рӯй хубаш бадтараст аз мурдагӣ

Марги кӯ то ҷон сипорам ? марг ба зини зиндагӣ

Ҳар касе дорад зи худ осоишӣ , дардо ! ки ман

Роҳатӣ аз худ надорам , марг ба зини зиндагӣ

Кошкӣ дидӣ ман мискин чигуна дар ғамаш

Умри нохуш май гузорам , марг ба зини зиндагӣ

Ҳар дамии сад бор аз тан мебарояд ҷони ман

Вази ғами дил беқарорам , марг ба зини зиндагӣ

Кори ман ҷон канданасту нолау зорӣу дард

Бингаред охир ба корам , марг ба зини зиндагӣ

Дар чунин ҷон канданӣ коФтодаҳам , шояд ки ман

Наъраҳо аз ҷон барорам , марг ба зини зиндагӣ

Ҳеҷ кас дидӣ ки хоҳад дар дамии садбори марг ?

Маргро ман хосторам , марг ба зини зиндагӣ

Аз паии он каз ироқӣ марг бастанд маро

Маргро ман дӯстдорам , марг ба зини зиндагӣ