Биё , то бедилонро зори бинӣ
Равони хастагони аФгори бинӣ
Тани дармондагони ранҷури ёбӣ
Дили бечорагони бемори бинӣ
Ба кӯии ошиқони худ гузар кун
Ки муштоқони худро зори бинӣ
Миёни хоку хӯни афтодаи ҳайрон
Заҳри ҷониби ду сад хунхори бинӣ
Басои ҷони азизи мустамандон
Ки бар хок дар худ хори бинӣ
Яке андари дили зори заъифон
Назар кун , то ғаму тимори бинӣ
Набинӣ ҳеҷ шодӣ дар дили мо
Вале андӯҳу ғам бисёр бинӣ
Дило , бо ин ҳамаи умеди дарбанд
Ки ҳам рӯзии рухи дилдори бинӣ
Чу афтодӣ , ироқӣ , рӯ магардон
Агар хоҳӣ ки рӯй ёри бинӣ