Як лаҳза дидани рух ҷононм орзӯаст

Икдми висоли он ма хўбонм орзӯаст

Дар хилватии чунон , ки нагунҷад касе дар он

Якбори хилвати хуш ҷононм орзӯаст

Ман рафта аз миёна ва ӯ дар канори ман

Бо оннигор айш бад-инсонам орзӯаст

Ҷоно , зи орзӯии ту ҷонам ба лаб расед

Бинмоӣ рух , ки қӯти дил ва ҷонам орзӯаст

Гар бӯсае аз он лаби ширин талаб кунам

Тайра машав , ки чашма ҳайвонам орзӯаст

Як бори бӯсае зи лаби ту рабӯда ам

Як бори дигари он шкрстонм орзӯаст

Вари лаҳзае ба кӯии ту ногоҳ бигузарам

Айбам макун , ки равза ризвонам орзӯаст

Ваз рӯй он ки равнақи хубони з рӯй туаст

Доими назораи рух хўбонм орзӯаст

Бар буии он ки буи ту дорад насими гул

Пайвастаи буии боғ ва гулистонам орзӯаст

Савдои ту хушасту висоли ту хуштар аст

Хуштар азин ва он чаҳ буд ? онам орзӯаст

Имону куфри ман ҳамаи рухсор ва зулф туаст

Дар банди куфри монда ва имонам орзӯаст

Дарди дили ироқӣу дармони ман туе

Аз дарди баси малулам ва дармонам орзӯаст