Кӣ аз ту ҷон ғамгинӣ шавад шод ?

Кӣ охир аз фаромӯшӣ кунӣ ёд ?

Напиндорам ки ҳиҷронат гузорад

Ки аз васли ту дилтангӣ шавад шод

Чунин донам ки ҳасанат кам нагардад

Агар камтар кунад нози ту бедод

зи васл худ бидиҳ коми дили ман

Ки аз бедод ҳиҷр омад ба фарёд

Бибахшоӣ аз карам бар хоксорӣ

Ки дар рӯй ту умраш рафт бар бод

Назар кун бар дили умедворӣ

Ки бар даргоҳи ту навмед афтод

Биҷузи даргоҳи ту ҳар дар ки зад дил

Ироқиро азон дар ҳеҷ накушод