Бе рахти ҷон дар миён натавон ниҳод
Бе яқини по бар гумон натавон ниҳод
Ҷон бибояд доду бастади бӯса Эй
Беканорат дар миён натавон ниҳод
Ним ҷонӣ дорам аз ту ёдгор
Бар лабати лаб ройгон натавон ниҳод
Дар ҷаҳони чашмат харобӣ ме кунад
Ҷурм бар давр замон натавон ниҳод
Хӯни мо зи абрӯу мижгони рехтӣ
Тир ба зин дар камон натавон ниҳод
Ҳоли ман зулфат парешон ме кунад
Пас гунаҳ бар дигарон натавон ниҳод
Дар ҷаҳон чун ҳарчӣ хоҳӣ ме кунӣ
Ҷурм бар ҳар нотавон натавон ниҳод
Ҳар чаҳ ҳаст андари ҳамаи олами туе
Ном ҳастӣ бар ҷаҳон натавон ниҳод
Чун туро , ҷузи ту , намебинад касе
Миннатӣ бар ошиқон натавон ниҳод
Бар дар васлат чу кас ме нагзарад
Тӯҳматӣ бар инс ва ҷон натавон ниҳод
Ошиқи ту ҳам ту бас , пас номи ишқ
Гуҳи барину гуҳ бар он натавон ниҳод
То нагирад дасти ман домони ту
Пои дил бар фарқ ҷон натавон ниҳод
Чун ироқии остин мо гирифт
Рахт ӯ бар осмон натавон ниҳод