Бо дарди хстгонти дармон чаҳ кор дорад ?

Бо васли куштагонати ҳиҷрон чаҳ кор дорад ?

Аз сӯз бе длонти молик хабар надорад

Бо айши ошиқонати ризвон чаҳ кор дорад ?

Дар лаъл туаст пинҳони сдгўнаҳи оби ҳайвон

Аз бе дилии лаби ман бо он чаҳ кор дорад ?

Ҳам дидаи ту бояд то чеҳра ту бинад

Конҷо ки он ҷамоласт инсон чаҳ кор дорад ?

Ваҳм аз даҳони тангати ҳаргиз нишон наёяд

Бо хотами сулаймони шайтон чаҳ кор дорад ?

Ҷони ман аз лаби ту моно ки ёфт завқӣ

Варна хаёли ҷовид бо ҷон чаҳ кор дорад ?

Дил метапад ки бинад дар дида рӯй хубат

Варна бурид зулфати пинҳон чаҳ кор дорад ?

Ошиқгар аз дар ту нишнид марҳабое

Чун ҳалқа бар дар ту чандон чаҳ кор дорад ?

Гар бар дарат ниёем , шояд ки бози пурсанад :

Пусидаи устихонӣ бо хон чаҳ кор дорад ?

Дар дил ки ишқ набӯд маъшӯқ кӣ тавон ёфт

Ҷое ки ҷон набошад ҷонон чаҳ кор дорад ?

Дар дили ғами ироқӣу онгоҳи ишқи боқӣ

Дар хонаи туфайлии меҳмон чаҳ кор дорад ?