Нигоро , бе ту барги ҷон ки дорад ?

Сари куфру ғами имон ки дорад ?

Агар ишқи ту хӯн ман наризад

Ғаматро ҳар шабии меҳмон ки дорад ?

Дили ман бо хаёлат дӯш мегуфт :

Ки ин дарди марои дармон ки дорад ?

Лаби ширини ту гуфто : з ман пресс

Ки ман бо ту бигӯям : кон ки дорад ?

Маро гуфтӣ ки : фардои рӯз васл аст

Умеди зистани чандон ки дорад ?

Дилам дар банд зулф туаст вар на

Сари савдоӣ бепоён ки дорад ?

Агар лутфи хаёл ту набошад

Ироқиро чунин ҳайрон ки дорад ?