Биёи биё , ки насим баҳор ме гузарад
Биё , ки гули зи рахт шармсор ме гузарад
Биё , ки вақт баҳорасту мавсими шодӣ
Мадори мунтазирам , вақт кор ме гузарад
зи роҳи лутф ба саҳрои хироми як нафасӣ
Ки айш тоза кунам , чун баҳор ме гузарад
Насими лутфи ту аз кӯй май барад ҳар дам
Ғамӣ ки бар дили ин ҷон фигор ме гузарад
зи ҷоми васли ту нохӯрдаи ҷуръае дили ман
зи базми айши ту дар сар хумор ме гузарад
Саҳаргаҳӣ ки ба кӯии дилам гузар кардӣ
Ба дида гуфт дилам : кон шикор ме гузарад
Чу дида кард назари садҳазор ошиқ дид
Ки наъра мезад ҳар як ки : ёр ме гузарад
Ба гӯши ҷон ироқӣ расед он зорӣ
Аз он зи кӯии ту зор ва назор ме гузарад