Онро ки чу ту нигор бошад
Бо хештанаш чаҳ кор бошад ?
Нохуш набӯд касе ки ӯ ро
Ёрӣ чу ту дар канор бошад
Нохуш чу манӣ буд ки пайваст
Дили хастау ҷон фигор бошад
Мазори зи ман , агар бинолам
Мотам зада сўкўор бошад
Ваон дида ки ӯ надид рӯят
Шояд агар ошкор бошад
Он кас ки ҷудо фитод аз ту
Давр аз ту ҳамеша зор бошад
Бечора касе ки дар ду олам
Ҷузи ту дигаряш ёр бошад
Хуррами дили он касе ки ӯ ро
Андӯҳи ту ғмгсор бошад
То кӣ дилам , эй азиз чун ҷон
Бар хок дар ту хор бошад ?
Номади гуҳи он ки хастае ро
Бар даргаи васл бор бошад ?
То чанд дили ироқии охир
Дар заҳмат интизор бошад ?