Ман маст май ишқам ҳушёр нахоҳам шуд

Вази хоби хуши мастӣ бедор нахоҳам шуд

Имрӯзи чунон мастам аз бодаи дӯшина

То рӯзи қиёмати ҳам ҳушёр нахоҳам шуд

То ҳаст зи неку бад дар кӣсаи ман нақдӣ

Дар кӯии ҷавонмардон айёр нахоҳам шуд

Он рафт ки мерафтам дар савмиъа ҳар борӣ

Ҷуз бар дар майхонаи ин бор нахоҳам шуд

Аз тавбау қроиӣ безор шудам , лекин

Аз риндӣу қлошӣ безор нахоҳам шуд

Аз дӯст ба ҳар хашмӣ озурда нахоҳам гашт

Вази ёр ба ҳар захмӣ аФгор нахоҳам шуд

Чун ёри ман ӯ бошад , беёр нахоҳам монад

Чун ғам хӯрам ӯ бошад ғам хор нахоҳам шуд

То дилбарам ӯ бошад дил бар дгарӣ нануҳум

То ғам хӯрам ӯ бошад ғмхўор нахоҳам шуд

Чун сохтаи дардам дар ҳалқаи нёромм

Чун сӯхтаи ишқам дар нор нахоҳам шуд

То ҳаст ироқиро дар дарга ӯ борӣ

Бар даргаи ин ва он бисёр нахоҳам шуд