Биё , ки бе рухи зеботи дил ба ҷон омад

Биё , ки бе ту ҳамаи суди ман зиён омад

Биё , ки баҳри ту ҷон аз ҷаҳон карона гирифт

Биё , ки бе ту дилами ҷумла дар миён омад

Биё , ки хонаи дил гарчи танг ва торик аст

Дамӣ барои дили мо дарун тавон омад

Биё , ки ғайри ту дар чашм ман наомад ҳеҷ

Ҷузи оби дида ки бар чашми ман равон омад

Нигар ҳар ончӣ ки бар ҳечкас наёмада буд

Барин шикастаи дилам аз ғами ту он омад

Дил шикастаам он лаҳзаи дили зи ҷони бардошт

Ки расми ҷавру ҷафои ту дар ҷаҳон омад

зи ҷаври ёр чаҳ нолам ? ки толеъи дили ман

Чунон ки бахт ироқӣаст ҳамчунон омад