зи иштиёқи ту , ҷоно , дилам ба ҷон омад

Биё , ки бо ғами ту бар наметавон омад

Биё , ки бо лаби ту моҷаро накарда ҳануз

Ба ҷои хирқаи дилу дида дар миён омад

Ба чашми маст ту гуфтам : дилам ба ҷон ояд

Лаби ту гуфто : инак дилат ба ҷон омад

Бидид то назар аз даври нордони лабат

Басо ки чашми марои об дар даҳон омад

Наомад аз ду ҷаҳони ҷузи рухи ту дар назарам

Аз онгаҳе ки марои чашм дар ҷаҳон омад

зи равшаноӣ рӯй ту дар шаби торик

наме тавон ба сари кӯии ту ниҳон омад