Дар ман нигарад ёри дгрбор ? ки донад ?
Зин пас диҳадам бар дар худ бор ? ки донад ?
Аз ёд худам кард фаромӯш ба якбор
Ёдоварад аз ман дигар он ёр ? ки донад ?
Хӯн шуд ҷигарам аз ғаму андешаи он дӯст
Хушнӯд шавад аз ман ғмхўор ? ки донад ?
Бемори дилам , хастаи ҷигар аз ғами ишқаш
Ояд ба иёдат бар бемор ? ки донад ?
эй душмани бадхоҳ , чаҳ бошӣ ба ғамами шод ?
Бошад ки шавад дӯсти дгрбор ? ки донад ?
Дар банди умед , эй дил , бигушоӣ ду дида
Бошад ки бибинӣ рухи дилдор ! ки донад ?
Равшан шавад ин тираи шаби бахти ироқӣ
Аз субҳи рухи ёри вафодор , ки донад ?