Акс ҳар мӯят , эй бути раъно
Дар димоғам раҳгӣаст аз савдо
Аз висоли қади ту эй дилдор
Нест ҷузи гесуии ту бархӯрдор
Фарқ кардан ба чашм сар натавон
Мӯии фарқи туро , зи мӯии миён
Шуд дилам , то шудам гирифторат
Ба тамаъи турраҳои таррорат
Мӯии зулфати фарози оризи хуш
Сӯхти моро , чу мӯӣ дар оташ
эй рабӯдаи дилам ба пешонӣ
Алҳақ он низ ҳам ба пешонӣ
Нур моҳаст , ё шуъоъи ҷабин ?
Шамъи парвонаи сӯз ? ё парвин ?
Монда зон ғамза дар шигифтами ман
Ҳаст бемору масту мрдоФкн
Рухи ту хаста ҷон тавонад дид
Чун бад-ӣни дида он тавонад дид ?
Лаби лаълат , ки рӯҳи бахш дил аст
Барги гул аз латофаташ хаҷал аст
Ошиқони ту покбозоннд
Сайди ишқи ту шоҳбозоннд