эй маломати кунон бе ҳосил

Саъй камтар кунед дар ботил

Ҳастам ошуфта бар рухӣ , ки бирав

Шуд парии волау малики моил

Ҳаст васфи ҷамолу наъти лабаш

Бартар аз фикри сомъу қойил

Дили девона дар сари зулфаш

Кӣ ба занҷирҳо шавад оқил ?

Ҳаркии як бор дар ҳамаи умраш

Илтифотӣ кунад , шавад мқбл

Аз хаёлаш чаҳ шокирам ! кӯ низ

Нест аз ҳоли ошиқони ғофил

эй сабо , эй сабо , ғуломи туам

Гар гузорӣ кунӣ бидон манзил

Ҳоли бечорагони бодия ро

Барисоне биор дар маҳмил

Гӯ : ироқӣ дар орзӯии рахт

Ҷон ҳаме доду ҳасрати андари дил