Ҷинати қурби ҷой эшон аст

Нури ризвони сафоӣ эшон аст

Ҷони ман дар ҳавоӣ эшон аст

Тани ман хоки пой эшон аст

Ақл кул ҳаст гунгу лоиъқл

Ҳар куҷои моҷароӣ эшон аст

Офтобӣ , ки арш зарра ӯст

Матлаъаш бар самоӣ эшон аст

Ба азал , чун қабул ёфта анд

Абади андари бақоӣ эшон аст

Ҳама дар ишқи худ фано талабанд

Ки бақо дар фаноӣ эшон аст

Ҳаламу тарку ҳаёи нишонаи шан

Илму тақвои ливоӣ эшон аст

Аз ҷаноби худоӣ дар ду ҷаҳон

Ин маротиб барои эшон аст

Ин маротиб ба зот эшон нест

Кини карам аз худоӣ эшон аст

Ҳарчӣ андари ҷаҳон ироқӣ ёфт

Асарӣ аз атоӣ эшон аст