Ҳар ки бар хон ин ҳавас хом аст

Нест маънии дарав , ҳама ном аст

Ҳар ки аз ишқ бехабар бошад

Андарин раҳи басон хар бошад

Бехабар дар баридани манзил

Қанд бар дӯшу коҳу ҷӯ дар дил

Рӯзу шаб , солу моҳи овора

Дар биёбони нафаси аммора

Ҳар ки ошиқ нагашт дар маънӣ

Одамӣ сӯратасту хари маънӣ