Гар зи шамъат чароғӣ афрӯзем

Хирмани хешро бидон сӯзем

Дар ғамати дӯд аз он ба арш расад

Оташӣ каз дарун барафрӯзем

Офтоби ҷамол бар мо тоб

Зонка мо берахт сияҳ рӯзем

То бубинем рӯй хубат ро

Аз ду олами ду дидаи брдўзим

Мояи ҷон ва дил барандозем

Ба зи ишқат чаҳ моя андӯзем ?

Ҳамчун Тифлон ба мактаби ишқат

Абҷади ишқро биомузем

Дар ғами ишқ агар равад сари мо

эй ироқӣ , биё , ки фирӯзем