То ғамат бо ман ошноӣ кард
Дилам аз ҷони худ ҷудоӣ кард
То ғами ту қабул кард маро
Ҳастӣ худ малул кард маро
Дар самоъи туам , чу ҳол гирифт
Аз вуҷӯди худам малол гирифт
Ояти ишқи ту чу бар хондам
Мояи ҷону дили броФшондм
Ҳар куҷои офтоби ҳасан ту тофт
Ошиқонро биҷусту неки бёФт
Агар , эй офтоби ҷони афрӯз
Шаби мо аз рух ту гардад рӯз
Андари он бас буд з рӯй ту тоб
Гӯ : дигар офтобу моҳи мтоб
эй зи ушшоқи гарми бозорат
Ба зи ман олимии харидорат
Ман кӣм , то занами зи ишқи ту лоф ?
Нест даъвои ин сухани зи газоф