Буд соҳибдилӣ ба донишу ҳуш

Дар навоҳии Форси тараи фуруш

Аз қазои худоу сунъи илоҳ

Май гузашт ӯ ба роҳи худ ногоҳ

Пеш қасрӣ расед ва дар нигаред

Сӯрати духтар атобак дид

Сӯратӣ хуб дид ва ҳайрон шуд

Дили маҷмӯ ӯ парешон шуд

Қурби солии з ишқ ме нолид

Ки рухи хуби дӯст боз надид

Доим аз гиряи дида пурхӯн дошт

Чашмҳо чашмаҳои Ҷайҳун дошт

Биҷузи авсоф ӯ нахонд ва нагуфт

Доим аз ҳасраташ нахурд ва нахуфт

Бо саги кӯй ӯ ҳаме гардид

Саги кӯяш бар одамӣ багазед

То бадви ходимӣ паём оварад

Кини гузашт аз ҳикоят он кард

Сари худ гир ва гӯш кун суханӣ

Чун туеро куҷо расад чу манӣ ?

Гар ту савдои ошиқии дорӣ

Шояд ар қаср шоҳ бигзорӣ

Ту куҷое ва мо куҷо ? ҳайҳот !

Дар биёбону орзӯии Фурот ?

Лек агар содиқии дарин маънӣ

Роҳ баргир ва бигузар аз даъвӣ

Ба фалони кӯҳи рӯ , мақомии соз

Кунҷи гир ва магӯӣ бо каси роз

Тоъати кирдигор одат кун

Сонеъи хешро ибодат кун

Рӯзгории бад-ӣн сифат ме бош

Худ шавад тоъат наоне фош

Дар ту мардум иродат афзойанд

Ба табаррук ба хизматат оянд

Ҳеҷ чизеи зи кас қабул макун

Низ бо ҳеҷ кас магӯӣ сухан

Чун шӯй дар миёни халқи илм

Ба атобак расад ҳадиси ту ҳам

Чун атобаки туро мурӣд шавад

Андҳтро фараҳ падед шавад

Чун ки ошиқи паём дӯст шунид

Амр ӯро ба ҷон ва дил багазед

Шуд ба кӯҳӣ ки ӯ ишорат кард

Чори диўоркӣ иморат кард

Вндри онҷо , чунон ки духтар гуфт

Аз ибодати нёрмид ва нахуфт