Дил чу дар доми ишқ манзур аст
Дидаро ҷурм нест , маъзӯр аст
Нозирам бар рахт ба дидаи ҷон
Гарчи аз чашми зоҳирам давр аст
Аз шароби аласти рӯзи висол
Ҷони мастам ҳануз махмур аст
Даст аз ошиқӣ наме дорад
Доим аз ёр агарчӣ маҳҷӯр аст
Ҷони ошуфта бар рахт фош аст
Шуълаи нори партав нур аст
Чашми мастати балоӣ ушшоқ аст
Хоки пои ту тоҷ фағфур аст
Ҳукми дорӣ ба ҳарчӣ фармое
Ки ироқии мутӣъ ва маъмур аст