Дилам эй дӯсти ту доне ки ҳавоӣ ту кунад

Лаби ман хизмати хоки кафи пой ту кунад

Ройгони машк фурӯшӣ накунад ҳеҷ касе

Вар кунад ҳеҷ касе зулфи дўтоӣ ту кунад

Чаҳ дуо кардӣ ҷоно ? ки чунин хуб шудӣ ?

То чу ту чокари ту , низ дуоӣ ту кунад

Дили ман дар қафаси ишқ , ҳавоӣ ту кунад

Чашми ман , орзӯии хизмати пой ту кунад

Байни дарин шаҳр , касе машк фурӯшӣ накунад

Гар кунад шона ба зулфони дўтоӣ ту кунад

Қудрат ишқ бибин , эй бути ширини гуфтор !

Шайх дар мавқеи тасбеҳ , дуоӣ ту кунад

Дӯш бо соғар май дарди дил худ гуфтам

Гуфт васлаш ба ҷаҳон , низ давоӣ ту кунад

Гуфтамаш хирман ҳастӣ ман , оташ бигирифт

Гуфт тани даҳ ба бало , чун ки худоӣ ту кунад

Гуфтамаш сабр чаҳ ҳосил ? ки рафиқон бираванд

Гуфт инаст , вале кори вафоӣ ту кунад

Гуфтамаш гиряи ошиқ , накунад ҳеҷ асар

Гуфт лекини сухани ишқи дуоӣ ту кунад

« чаҳ дуо кардӣ ҷоно ки чунин хуб шудӣ ? »

Дили ишқӣ чаҳ кунад ?гар ки ҳавоӣ ту кунад