Шикаста шуд дил ва шодаст ҷони хастаи мо
Ки ёр нест ҷудо аз дили шикастаи мо
Чу рӯз ҳашар барорем сари зи хоби аҷал
Ба рӯй дӯст шавад бози чашми бастаи мо
Нишаст оташи дили чеҳраи брФрўз эй шамъ
Буд ки шуъла кашад оташ нишаста мо
Рамед хоби хуш аз чашм мо куҷост хаёл
Ки орамида шавад чашми хоби ҷустаи мо
Гузашти кавкабаи субҳи васл ва мунтазирем
Ки боз ҷилва кунад толеъи хуҷастаи мо
Ҳазор дастаи гул баста шуд ба хӯни ҷигар
Назар накард ба гулҳои дастаи дастаи мо
зи хоку хӯни фиғонии ҳазор лола дамид
Ҳамин буд зи рахти боғи тозаи рустаи мо