Дилгирам аз базми тараби ғмхонаҳ эй бояд маро

Ман ошиқ девонаам вайронае бояд маро

Аз давлати ишқу ҷунуни озодам аз қайди хирад

Акнӯн барои ҳамдамии девонае бояд маро

Хоҳам ки афрӯзами шабии шамъи тараб дар кунҷи ғам

Лекини зи девони қазои парвонае бояд маро

Шояд гузинам ҳолатӣ дар хоби ширини аҷал

Аз наргисаши ошиқи кашии афсонае бояд маро

Бе суҳбати ширини лабӣ талхаст бар ман зиндагӣ

Аз ҷон ба танг омад дилами ҷононае бояд маро

Бе он чароғу чашми дили шабҳо муқӣми гулханам

Шамъӣ надорам каз тараби кошонае бояд маро

Ҳамчун фиғонии омадам аз каъба дар дайри Муғон

Паймони шикастами соқиои паймонае бояд маро