Масти ту биҷузи нола ӣ ҷонсӯз надонист

Нашнохт гули тоза ва наврӯз надонист

Маҷнӯни ту ҳам бар сари хокистари гулхан

Ҷон доду баҳори чаман афрӯз надонист

Фардо Чехияанд бо ҷигари сӯхтаи ошиқ

Чун фоида ӣ суҳбат имрӯз надонист

Аз ранги қабои сӯхти дил аз давр чу дидат

Нақши камару тоҷи тилло дуз надонист

Сӯзи дили ушшоқи чароғи дил ва ҷонаст

Бенур , дарунӣ ки чунин сӯз надонист

Дили ҷавҳари дониши бамӣ ва рӯй накӯ дод

Қадари хирад маслиҳат омӯз надонист

Ноқис шуд азин торами фирӯзаи фиғонӣ

Мискини асари толеъ фирӯз надонист